719ТоҷикӣНӯшокии дилхоҳи худро дар профил нигоҳ доредИн дастгоҳи қаҳва ба шумо имкон медиҳад, ки тавонед танзимоти нӯшокиро мувофиқи хоҳиши худтанзим намоед ва нӯшокии танзимшударо дар профили шахсии худ нигоҳ доред. Шумо метавонедпрофилро интихоб кунед ва дастуреро тавассути профилҳо нигоҳ доред.Шумо метавонед профилро эҷод кунед ва тавассути нишони профил нӯшокиро илова намоед.1 Нишони профилро дар менюи асосӣ зер кунед (Расм 8).2 Нишони «Ҷамъ»-ро пахш кунед (Расм 9).3 Номи худро ворид намуда, нишони дилхоҳро интихоб кунед.4 Акнун шумо барои илова карда нӯшокӣ омодаед. Нишони нӯшокиро бо интихоби худ зер кунед.5 Шахсисозии нӯшокӣ тавассути вазифаи CoffeeEqualizer Touch+ ё CoffeeMaestro.6 Нишони «Дар профил нигоҳ доштан»-ро зер карда, натиҷаро дар профили шахсии худ нигоҳдоред (Расм 10).Диҳиши иловагӣ (ExtraShot)Дастгоҳи қаҳваи шумо имкон медиҳад, ки ба қаҳва ва нӯшокиҳои ширии худ Ристреттои иловагироилова кунед, масалан, агар шумо қаҳваи пурқувватро афзал донед.1 Пиёларо дар зери даҳанаи диҳиш ҷойгир кунед.2 Барои интихоб кардани нӯшокӣ, яке аз нишонҳои нӯшокиҳоро бо як ласм зер кунед (Расм 6).3 Барои танзим кардани қувваи қаҳва то сатҳи баланд, навори танзимшавандаро ба боло ҳаракаткунед ва вазифаи ExtraShot-ро интихоб намоед (Расм 11).4 Пас барои оғози тайёркунии нӯшокӣ нишони «Оғоз/ист»-ро пахш кунед (танҳо барои SM8780,SM8782, SM8785) ё нишони «Оғоз»-ро пахш кунед (танҳо барои SM8885, SM8889).5 Барои қатъ кардани диҳиши нӯшокӣ то анҷоми диҳиши ҳаҷми муқарраршуда бо дастгоҳ, нишони«Оғоз/ист»-ро аз нав пахш кунед (танҳо барои SM8780, SM8782, SM8785) ё нишони «Ист»-ро азнав пахш кунед (танҳо барои SM8885, SM8889).Вақте ки шумо вазифаи ExtraShot-ро интихоб мекунед, шумо метавонед дар як вақт танҳо якпиёлаи қаҳваро тайёр кунед.Нишони ExtraShot барои ҳамаи нӯшокиҳо пешбинӣ нашудааст.Танзимкунии дастгоҳи қаҳваБарои танзим кардани аксари танзимоти дастгоҳ, нишони Танзимотро зер карда, қадамҳоро аз рӯиэкран иҷро намоед.Барои гирифтани дастгирии онлайн (ҷавобҳо ба саволҳои роиҷ, видеоҳо ва ғайра) рамзи QR-ро азрӯи муқоваи китобча сканер кунед ё ба сомонаи www.saeco.com/care гузаредТанзимкунии дараҷаи дуруштии обМо тавсия медиҳем, ки шумо танзими дараҷаи дуруштии обро мувофиқи дараҷаи дуруштии об дарминтақаи шумо танзим кунед, то дастгоҳи қаҳва беҳтар ва ба муҳлати дароз кор кунад. Ин амалинчунин шуморо аз ниёзи бисёр маротиба тоза кардани оҳаксанг дар дастгоҳ озод мекунад. Танзимипешфарз барои дуруштии об 4 аст: оби дурушт.Барои муайян кардани дараҷаи дуруштии об дар минтақаи худ, аз наворисанҷишӣ барои ченкунии дуруштии об, ки ба шумо бо дастгоҳ таъмин кардашудааст, истифода баред:1 Навори санҷишӣ барои ченкунии дуруштии обро ба оби тоза ғутонед ё онро дар зери ҷараёни обба муддати 1 сония доред (Расм 12).2 1 дақиқа интизор шавед. Шумораи чоркунҷаҳое, ки дар навори санҷишӣ сурх мешаванд, дараҷаидуруштии обро нишон медиҳанд (Расм 13).